Март 06, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Маскав ба иттиҳомзании Ғарб алайҳи Димишқ

Сухангӯи Кохи Кремл иттиҳомзании Ғарбро ба Сурия дар бораи истифодаи Димишқ аз таслиҳоти кимиёӣ маҳкум кард.

Ба гузориши ИТАР-ТАСС, Дмитрий Песков рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, ин иқдомоти таҳрикомези Ғарб ҳамчунон идома дорад ва чунин иттиҳомоти беасосе ҳанӯз ҳам алайҳи раҳбари Сурия матраҳ мешавад. Песков таъкид кард, дар Сурия таслиҳоти кимиёӣ нобуд шудаанд ва ин масъаларо на фақат тарафи Русия, балки Созмони манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ низ таъйид кардааст.

Изҳороти сухангӯи Кремл пас аз он баён шуд, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе дархостеро барои таҳқиқ дар бораи он чӣ "хушунати давлати Сурия алайҳи мардуми ин кишвар" хонда шуд, тарҳ кард.