Март 10, 2018 16:26 Asia/Dushanbe
  • Путин: Амрико омили аслии таниш дар равобити Маскав ва Вашингтон

Раисиҷумҳури Русия иқдомоти давлати Амрикоро, омили таниш дар равобити Маскав ва Вашингтон донист.

Ба гузориши шабакаи хабарии “NBC”, Владимир Путин иттиҳомзании сервисҳои иттилоотии Амрико бино бар ин ки ӯ дастури мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 ин кишварро додааст, такзиб кард.

Путин афзуд, Амрико омили аслии таниш дар равобити ду кишвар буда ва Русия дар ин замина нақше надоштааст; Аммо Маскав барои музокира бо Вашингтон омодагӣ дорад.