Август 28, 2016 20:38 Asia/Dushanbe
  • Аввалин паёмадҳои ҳузури низомии Туркия дар шимоли Сурия

Аввалин сарбози Туркия дар шимоли Сурия кушта шуд.

Манобеи хабарии мустақил тайи гузорише эълом карданд, ки дар пайи ҳамлаи нерӯҳои курд ба низомёни Туркия дар хоки Сурия, як сарбози турк кушта шуда ва се тани дигар захмӣ шуданд. Расонаҳои маҳаллии Туркия низ бо эъломи хабар кушта шудани аввалин сарбози артиши Туркия, тавассути курдҳои Сурия, ин хабарро тайид карданд.

Манобеи майдонӣ ҳамчунин аз инҳидоми ду дастгоҳ тонки нерӯҳои  артиши  Туркия,  дар асари ҳамлаи мушакии нерӯҳои курд хабар доданд. Гуфта мешавад, бо оғози ҳамалоти муштараки нерӯҳои вижаи Туркия ва террористҳои артиши озоди Сурия ба мавозеи курдҳо дар шимоли ин кишвар, нерӯҳои курд мавзеи таҳоҷумӣ ба худ гирифта, хисорот ва талафотеро ба низомёни Туркия таҳмил карданд.

Ин аввалин талафот ва хисороте аст,  ки артиши Туркия аз рӯзи панҷшанбе (24 август), ки ба баҳонаи мубориза бо террористҳои ДИИШ ва нерӯҳои курд, таҳти унвони амалиёти «Сипари  Фурот» вориди хоки Сурия шуд, мутаҳаммил шудааст. Пас аз интишори ин ахбор, расонаҳои минтақа аз ҳамлаи ракетӣ ба фурудгоҳи шаҳри Диёрбакр дар ҷанубу шарқи Туркия хабар доданд.

Тибқи гузориши хабаргузории «Дуғон» ва низ шабаки хабарии СНН турк, муҳоҷимон чаҳор адад ракет ба самти истгоҳи ин фурудгоҳ шиллик карданд, ки посгоҳи пулиси фурудгоҳ низ ҳадафи исобати ин мушакҳо қарор гирифт, аммо гуфта мешавад, ин ҳамлаи мушакӣ талафот ба ҳамроҳ надоштааст. Сарфи назр аз ин ки ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Диёрбакр, ки бузургтарин фурудгоҳи Туркия дар минтқаи ҷанубу шарқи ин кишвар аст ва аз он барои мақосиди низомӣ ва ғайринизомӣ истифода мешавад, ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки ҳамлаи камсобиқаи мушакӣ ба ин фурудгоҳ аз паёмадҳои ҳузур низомии нерӯҳои артиши Туркия ва ҳадаф қарордодани нерӯҳои курди сурӣ аст.

Ин ки афкори умумии Туркия чӣ вокунише дар баробари ҷон бохтани нерӯҳои турк дар шимоли Сурия аз худ нишон хоҳанд дод ва ин ки оё мардуми Туркия ҳозир ба идомаи ҷон бохтани азизон худ дар хоки кишвари дигар барои аҳдофи таъриф нашудаи давлати Ҳизби адолат ва тавсеа ҳастанд, аз ҷумлаи саволоте аст, ҳамчунон посух ба он тааммулбарангез аст, аммо ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки ҳузур низомии Туркия дар Сурия ба навъи ваҳдати амалиётӣ назди нерӯҳои курди сурӣ ва туркӣ барои ҳадаф қарордодани амнияти Туркия табдил шудааст.

Агар ба ин маҷмӯа, амалиёти нерӯҳои Ҳизби коргарони Курдстони Туркия (П.К.К) гушаву канори ин кишварро изофа кунем, он вақт ба шаҳодати ҳамаи ноамниҳои ҷорӣ дар Туркия, кушта шудан ва осиб дидани шаҳрвандон ва низомёни Туркия ва низ таҳти таъсир қароргирифтани иқтисоди ин кишвар аз ноамниҳои ҷориро метавон дар радифи ҳазинаҳои сиёсати давлатмардони турк дар эъзоми нерӯ ба шимоли Сурия донист.

Ба вижа, ки ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, гурӯҳҳои муъоризи Сурия, ки акнун Туркия муддаии ҳимоят аз онҳо аст, дар кӯтоҳмуддат ва ба ҷиҳати бархе таҳаввулоти майдонӣ, ба гурӯҳи дардисарсози дигаре, ҳамчун ДИИШ барои давлатмардони Туркия табдил нашаванд.

Ҳар чанд, ки бархе маҳофили хабарӣ ба ин иддаои Туркия бино бар саркӯби ДИИШ дар хориҷ аз марзҳои Туркия ва боздошти аъзои ДИИШ дар хоки Туркия ба дидаи тардид менигаранд, аммо дар зоҳир, раҳбарони Анкара чунин вонамуд мекунанд, ки ҳамсӯ бо ҷараёни байналамилалӣ вориди арсаи муқобила бо гурӯҳи такфирӣ, террористии ДИИШ шудаанд.

Пазириши ин иддаои раҳбарони турк низ монеъ аз он намешавад, ки ҳазинаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии ҳимояти пинҳону ошкори гузашта ва ҳоли Туркия аз ДИИШ-ро нодида гирифт.

Ҳазинаҳое, ки акнун ба талафоти ҷонии низомёни турк ва инҳидоми таҷҳизоти артиши ин кишвар мунтаҳӣ шудааст.