Март 13, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия

Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе эълом кард, таҳримҳо алайҳи Русияро ба хотири пайвастани Қрим ба Русия ва ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина 6 моҳи дигар тамдид кардааст. Ин таҳримҳо, ки шомили маҳдудиятҳои мусофиратӣ ва ҳисобҳои 150 шахс ва 38 ширкати русӣ мешавад, то 15 –уми сентябр тамдид шуд.

Қрим дар соли 2014, баъд аз баргузории як ҳамапурсӣ ба Русия пайваст ва кишварҳои аврупоӣ ва Амрико эълом карданд, ин пайвастанро ба расмият намешиносанд. Дар чаҳор соли ахир шоҳиди шаклгирӣ, идома ва густариши таҳримҳои Ғарб, ба вижа Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи Русия, ба баҳонаи пайвастани Қрим ба хоки худ ва низ мудохила ва ташдиди буҳрони Украина бо ҳимоят аз мухолифони ҷудоиталаби шарқи Украина ҳастем.

Ин таҳримҳо вокуниши ҳамсони Маскавро дар пай дошта ва боиси коҳиши шадид дар сатҳи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Ба гуфтаи Николай Топорнин, коршиноси сиёсии рус, муноқиша дар шарқи Украина ва ёфтани роҳи ҳал барои ҳаллу фасли он дар шароити кунунӣ мушкили ҷиддӣ барои Русия аст.

Масъалаи ҷорӣ кардан ва тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия ба мавзӯи дарҳам печидае дар равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия табдил шудааст. Аз дидгоҳи Маскав, таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия “хасмона ва беасос” аст.

Аз ин рӯ, тамдиди ҷадиди шашмоҳаи таҳримҳо алайҳи Русия, аз нигоҳи Маскав ҳаракати ғайридӯстона ва вогароёна аз сӯйи Брюссел талаққӣ мешавад. Иттиҳоди Аврупо дар айни ин ки хоҳони ҳифзи фишорҳо алайҳи Русия аст, аммо бо таҳримҳои ҷадиди Амрико дар чорчӯби қонуни КАТСА алайҳи Маскав эъломи мухолифат кардааст. Ба вижа ин ки ин таҳримҳо метавонанд таъсири манфӣ бар проектҳои нафту газ ва ширкатҳои аврупоӣ дошта бошанд.

Алексей Мухин, таҳлилгари сиёсии Русия муътақид аст, тарроҳони таҳримҳои ҷадиди зидди Русия дар Амрико иштибоҳи бузургеро муртакиб шудаанд.

Иттиҳоди Аврупо зимни идомаи сиёсати таҳримии худ алайҳи Русия, хоҳони он аст, ки хати сурхҳои он дар ин бора риоят шавад. Ду рӯйкарди мухталиф дар ин замина дар ин иттиҳодия вуҷуд дорад. Рӯйкарди кишварҳои наздик ба Амрико монанд кишварҳои Аврупои Шарқӣ, назири Полша, асосёфта бар ҳифз ва ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия аст. Дар ҳоле, ки рӯйкарди кишварҳои бузурги Иттиҳоди Аврупо монанди Олмон дар канори кишварҳое монанди Венгрия, Юнон ва Қибрис, ки равобити густурдае бо Русия дошта ва доранд, асосёфта бар таҳримҳои маҳдуд ва мушаххас ва ҳамкорӣ дар бархе ҳавзаҳо монанди ҳавзаи энержӣ бо Русия аст.

Бо вуҷуди ин иқдомоти таҳримӣ ва низ хусумати ошкори Ғарб, Русия тавонистааст дар солҳои ахир дастовардҳои муҳимеро дар арсаҳои мухталиф касб кунад, ки аз ҷумлаи онҳо тавсеаи ҳамкориҳо бо дигар кишварҳо барои муқобила бо иқдомоти таҳримӣ аст.

Дар воқеъ, афзоиши фишорҳои таҳримӣ боиси тақвияти тавонмандии иқтисодии Русия ва ба шароити ҳозира расидани зарфиятҳои билқувваи он шудааст. Зимни ин ки Русия бо таваҷҷуҳ ба моҳияти иқдомоти зиддирусии Брюссел, ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки дар ростои ҳифзи манофеи баландмуддати Русия, барқарории равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва энержӣ, барқарории равобит бо шарқ ва ҷануби Осиёро дар авлавият қарор диҳад.

 

Барчасп