Эътироз ба хушунат дар Амрико бо ҳафт ҳазор ҷуфт кафш
(last modified 2018-03-14T05:29:45+00:00 )
Март 14, 2018 10:29 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба хушунат дар Амрико бо ҳафт ҳазор ҷуфт кафш

Гурӯҳе аз мардуми Амрико рӯзи сешанбе бо қарор додани ҳафт ҳазор ҷуфт кафш рӯбарӯи сохтмони Конгресси ин кишвар, эътирози худро ба хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико иброз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ҳазорон ҷуфт кафш ба ёди наздик ба ҳафт ҳазор кӯдак ва навҷавоне, ки ба сабаби хушунат бо силоҳ дар Амрико кушта шудаанд, рӯбарӯи сохтмони Конгресси Амрико дар Вашингтон қарор дода шуд.

Ин рӯйдоди эътирозӣ, ки “Бинои ёдбуди кӯдакони мо” ном дошт, дар расонаҳои ҷаҳон бозтоби густурда дошт.

Бар асоси эъломи дастандаркорони ин эътирози рамзӣ (намодин), ба ёди ҳар як аз ҳафт ҳазор кӯдак ва навҷавоне, ки пас аз ҳодисаи дабистон (мактаби ибтидоӣ)-и “Сенди Ҳук” дар соли 2012 ба сабаби хушунат бо силоҳ ҷони худро аз даст додаанд, як ҷуфт кафш рӯбарӯи сохтмони Конгресс қарор дода шудааст.

Ин иқдоми рамзӣ бахше аз талошҳои густурда дар саросари Амрико барои таҳти фишор қарор додани аъзои Конгресс ҷиҳати тасвиби қонунҳои сахтгирона барои контроли силоҳ дар ин кишвар аст.

Тирандозӣ дар дабистони “Сенди Ҳук” дар Нютаун, дар иёлати Коннектикут дар соли 2012-ум, 26 кушта бар ҷой гузошт, ки 20 тан кӯдакони хурдсол буданд.

Аз он пас ҳазорон нафари дигар дар тирандозӣ дар мактабҳои Амрико ҷон бохтаанд.