Боздошти се гумонбар барои оташзании масҷиде дар Амрико
Март 14, 2018 11:41 Asia/Dushanbe
Се нафар ба иттиҳоми даст доштан дар бомбагузории соли 2017 дар иёлати шимолии Миннесотаи Амрико боздошт шуданд.
Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, ин се марди аҳли минтақае дар маркази Иллиной ба партоби як бомбаи оташзо ба дохили яке аз масҷидҳои минтақаи Миннеаполис, ки соли 2017 рӯй дод, муттаҳам шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти федерал, ин афрод рӯзи сешанбе ба иттиҳоми ҷиноятҳои марбут ба ҳамли силоҳ боздошт шуданд.
Додситонӣ эълом кардааст, ин афрод як бомбаи оташзоро аз панҷараи масҷид ба дохили он партоб кардаанд, ки дар натиҷа хисороти зиёде ба ин масҷид ворид шудааст.