Март 14, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Мақоми иморотӣ: Дар барканории вазири хориҷаи Амрико даст доштем

Муовини валиаҳди Абузабӣ бо тарҳи иддаои даст доштани Иморот дар барканории Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико, ба ин амр ифтихор кард.  

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии арабии 21, Абдулхолиқ Абдуллоҳ, муовини валиаҳди Абузабӣ ва устоди донишгоҳҳои Иморот хабарҳо дар бораи иқдомот ва кумаки молии Абузабӣ ба мақомоти амрикоӣ барои барканории Рекс Тиллерсонро тайид кард.

Вай дар твитте ҳамроҳ бо тасвири Рекс Тиллерсон навишт: Таърих ба ёд хоҳад дошт, ки як кишвари араби ҳошияи Халиҷи Форс дар барканории вазири хориҷаи як абарқудрат нақш дошт.

Муовини валиаҳди Абузабӣ иллати ин иқдомро мухолифати Тиллерсон бо муҳосираи Қатар аз сӯи Арабистон, Иморот, Миср ва Баҳрайн эълом кардааст.  

Эътирофи ин мақоми иморотӣ матолиби мунташиршуда дар Бӣ Бӣ Сӣ, Ню-Йорк Таймс ва чанд расонаи дигарро тайид мекунад, ки фош карда буданд, Эллиот Броуди, тоҷири амрикоӣ бузургтарин кумаккунанда ба кампини интихоботии Доналд Трамп, ки бо Иморот робитаи маҳкаме дорад, дар октябри 2017 бо раисҷумҳури Амрико дидор дошта ва ӯро ба барканории Тиллерсон ташвиқ кардааст.