Март 14, 2018 19:50 Asia/Dushanbe
  • Дархости Русия барои дастрасӣ ба духтари ҷосуси собиқи рус

Сафорати Русия дар Лондон эълом кард, дархости дастрасии консулӣ ба духтари ҷосуси собиқи рустаборро ба мақомоти британияӣ хоҳад дод.

Ба нақл аз рӯзномаи Алшарқ Алвасат, сафорати Русия дар Лондон хостори дастрасии консулӣ ба Юлия, духтари Сергей Скрилл, ҷосуси собиқи рустаборро хоҳад дод, ки ҳафтаи гузашта ба ҳамроҳи падараш дар маркази хариде дар солзбри Британия масмум ва ба бемористон мунтақил шуда буд.  

Тереза Май, нахуствазири Британия эълом карда буд, ба эҳтимоли зиёд Русия дар масмум кардани Скрилл нақш доштааст.  

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, пештар ба Лондон тавсия карда буд, мунтазири натоиҷи таҳқиқот бимонад ва аз натиҷагирии шитобзада худдорӣ кунад.  

Скрилл 2010 дар табодули ҷосусони Амрико ва Русия озод ва ба Британия паноҳанда шуд.