Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ зидди Русия дар бораи моҷарои Скрипал
(last modified Thu, 15 Mar 2018 06:52:00 GMT )
Март 15, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ зидди Русия дар бораи моҷарои Скрипал

Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки ба дархости Британия барои расидагӣ ба иддаои истифодаи Русия аз гази химиявӣ зидди ҷосуси қаблии рус дар Британия ташкил шуд, бидуни натиҷа поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) рӯзи чаҳоршанбе, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии парвандаи заҳролуд шудани ҷосуси қаблии Русия дар Британия иддао кард; пеш аз ин аз силоҳи химиявӣ дар Сурия истифода шуд ва Русия ин масъаларо нодида гирифтааст.

Франсуа Делатр, намояндаи Фаронса дар СММ ҳам дар нишасти Шӯрои амният барои маҳкумияти Русия гуфт, истифода аз гази аъсоб (нервно-паралитический газ) барои куштани як фард, зиндагии ғайринизомиёнро дар маърази хатар қарор додааст.

Ҷонатан Аллен, муовини намояндаи Британия дар СММ низ дар нишасти зиддирусии Шӯрои амният бо муттаҳам кардани Русия ба истифода аз силоҳи химиявӣ иддао кард, Русия таърихи равшане дар поймол кардани қонунҳои  байналмилалӣ дорад.

 Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба иддаои муовини намояндаи Британия зидди Русия, дар истифода аз силоҳи химиявӣ гуфт, ҳамлаҳои Британия ба кишварҳои мустақил ва куштани ҳазорон нафар, дар таърих сабт шудааст.

Вай афзуд, далелҳо ва санадҳои Британия, коршиносони таслеҳоти химиявиро қонеъ нахоҳад кард ва Русия ба ҳеҷ тарафе иҷоза намедиҳад, бо ӯ ба забони таҳдид сухан бигӯяд.

Намояндаи Русия дар СММ ҳамчунин таъкид кард, ҳеҷ гуна далел ва санаде дар бораи нақши Русия дар масъалаи заҳролуд кардани ҷосус Скрипал вуҷуд надорад ва Маскав хоҳони ироаи аснод ва мадорике аст, ки нақши Русияро дар ин замина собит кунад.