Март 15, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши низомии занони афғон аз тарафи мушовирони хориҷии ДИИШ

Сарпарасти фармондеҳии полиси вилояти Ҷузҷони Афғонистон аз омӯзиши низомии занони афғон аз тарафи мушовирони хориҷии гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Амонуллоҳ, сарпарасти фармондеҳии полиси вилояти Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон рӯзи панҷшанбе эълом кард, гурӯҳи бистнафара аз мушовирони хориҷии ДИИШ аз вилояти Нангарҳор ба ноҳияи Дарзоби Ҷузҷон омаданд ва ҳафтае ду бор ба занони афғон омӯзиши низомӣ медиҳанд.

 Амонуллоҳ афзуд, террористҳои ДИИШ занонро дар ин вилоят ҷазб мекунанд ва ба онҳо омӯзиши низомӣ медиҳанд то дар ҳамалоти террористҳо аз онҳо истифода кунанд.

Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи волии Ҷузҷон низ зимни таъйиди вахомати авзои амниятӣ дар ноҳияи Дарзоб гуфт, манотиқи мухталифи ин ноҳия бо таҳдиди гурӯҳи террористии ДИИШ рӯбарӯ аст.

Пештар Ҷовид Салим, сухангӯи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон, дар шимоли ин кишвар, аз афзоиши ҳузури гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин минтақа ҳушдор дод.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар кишварҳои Ироқ ва Сурия шикаст хӯрдааст ва ҳомиёни он барои расидан ба аҳдофашон аъзои ин гурӯҳро равонаи Афғонистон кардаанд.

Мардуми Афғонистон Амрикоро ҳомии гурӯҳи террористии ДИИШ медонанд.

 

Барчасп