Oғози нишасти комиссияи муштараки БарҶОМ дар Вена
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31401-oғози_нишасти_комиссияи_муштараки_БарҶОМ_дар_Вена
Ёздаҳумин нишасти комиссияи муштараки БарҶОМ зуҳри рӯзи ҷумъа бо ҳузури Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва “Гурӯҳи панҷ ба аловаи як” дар Вена оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Oғози нишасти комиссияи муштараки БарҶОМ дар Вена

Ёздаҳумин нишасти комиссияи муштараки БарҶОМ зуҳри рӯзи ҷумъа бо ҳузури Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва “Гурӯҳи панҷ ба аловаи як” дар Вена оғоз шуд.

Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон пеш аз баргузории нишасти комиссияи муштараки БарҶОМ дар Вена дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Садо ва симо” дар посух ба ин суол, ки раисҷумҳури Амрико мондан дар БарҶОМ-ро вобаста ба анҷоми ислоҳот ва ворид кардани мавзӯоти дигар дар ин тавофуқ медонад, гуфт, БарҶОМ ба ҳеҷ ваҷҳ имкони музокираи муҷаддад надорад. Ироқчӣ афзуд, аз сӯйи Эрон ҳеҷ имконе барои як тавофуқи такмилӣ, як ислоҳия ё ибороте аз ин қабил, ки ин рӯзҳо истифода мешавад, вуҷуд надорад. Муовини сиёсии вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тааҳҳудҳои худ комилан пойбанд буда, Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ низ дар 10 гузориш пойбандии Эронро таъйид кардааст ва Эрон интизор дорад, ки тарафи муқобил низ ба тааҳҳудҳои худ ба таври комил амал кунад. Ироқчӣ бо баёни ин ки давлати Амрико тайи 14 моҳи гузашта фазои мухаррибе дар қиболи БарҶОМ эҷод кардааст, гуфт, тарсондан ва таҳдид кардани ҷомеаи тиҷорӣ ва иқтисодии ҷаҳон, ки бо Эрон кор накунанд, нақзи ошкори бандҳои мухталифи БарҶОМ аст ва бояд ба он расидагӣ шавад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи панҷ ба илова як” (Биритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БарҶОМ бадаҳдӣ мекунад.