Март 17, 2018 17:33 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи демократ: Трамп таҳдиди бисёр ҷиддӣ барои амнияти Амрикост

Намояндаи демократи Амрико раиси ҷумҳури ин кишварро таҳдиди бисёр ҷиддӣ барои амнияти ин кишвар тавсиф кард.

Ба гузориши шабакаи CNN, Ҷон Горманди, намояндаи ҳавзаи интихобияи севуми Калифорния аз ҳизби демократ эълом кард,ки замони он расида, ки Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрико аз қудрат канор биравад.

 Горманди гуфт,ки гузоришҳо ҳикоят аз он дорад, ки дар моҳи декабри 2017 , панҷоҳу ҳашт намояндаи демократ раванди истезоҳ(бозхост)и Трампро оғоз карданд, аммо ин раванд барои иҷроӣ шудан ҳамчунон ниёзманди ҳимояти намояндагони демократи дигар аст.

 Пештар  Нэнси Пелоси, раҳбари ақаллияти демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар моҳи декабр эълом кард:Ҳамакнун замони муносибе барои истезоҳи раисҷумҳур нест.

 Пелоси гуфт: Дар ҳоли ҳозир Конгресс машғули баррасии иқдомоти Трамп пеш ва пас аз маросими савгандёд аст.

 Мунтақидони Трамп, ки бахши васеъе аз демократҳо то расонаҳоро дар бар мегирад , муътақиданд, ки раисҷумҳури Амрико таъодули рӯҳӣ ва равонӣ надорад ва орӣ аз салоҳияти риёсатҷумҳурӣ ва фармондеҳии кулли нируҳои мусаллаҳи Амрико аст.

 

Барчасп