Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар Осиёи Марказӣ
Шаҳрвандони Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз субҳи имрӯз (якшанбе), бо ҳузур дар пойи сандуқҳои раъй дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ширкат карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, аз субҳи имрӯз даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русия, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ басар мебаранд, бо ҳузури дар шуъбаҳои раъйгирӣ ба номзадҳои мавриди назари худ, раъй доданд.
Ба манзури таъмини ҳузури фаъоли шаҳрвардони Русия дар кишварҳои минтақа, дар Қазоқистон 17 шӯъба, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳар кадом шаш шуъба дар Туркманистон панҷ шуъба ва дар Узбакистон се шуъба, эҷод шудааст.
Бино бар иттилои вазорати умури хориҷаи Русия, бештари шаҳрвандони ин кишвар дар минтақа, дар Қазоқистон ҳузур доранд, ки теъдоди онҳо ба беш аз 73 ҳазор нафар мерасад.
Комиссияи марказии интихоботи Русия, теъдоди афроди дорои шароити раъйи ин кишварро 108.9 миллион нафар эълом карда ва гуфтааст, аз ин теъдод 1.8 миллион нафар дар хориҷ аз ин кишвар басар мебаранд.
Дар интихоботи имрӯзи раёсатҷумҳурии Русия ҳашт номзад ҳузур дорад, ки матраҳтарини онҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури феълии ин кишвар аст.