Март 18, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мардуми шарқи Русия аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Бо поёни кори ахзи раъй дар ҳавзаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии манотиқи Шарқи дури Русия, мизони мушорикат дар чанд вилояти шарқии ин кишвар беш аз 60 дарсад эълом шуд.

Комиссияи марказии интихоботи Русия бо эъломи поёни раъйгирӣ дар вилоятҳои Шарқи дури ин кишвар мизони мушорикати мардум дар интихоботро низ эълом кард.

Мушорикати мардуми вилояти Магадан 66 дарсад, минтақаи Чукотка 63 дарсад, шибҳҷазираи Камчатка 63, ва ҷазираи Сахалин 56 дарсад будааст.

Ҳафтумин интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, аз дишаб дар шибҳҷазираи Камчатка дар Ховари дури ин кишвар оғоз шуд ва сипас интихоботи манотиқи ғарбӣ аз ҷумла Маскав баргузор шуд.

Назарсанҷиҳо ҳокӣ аз пирӯзии қотеи Владимир Путин, раисҷумҳури кунунии Русия барои як даври дигар аст.

 

Барчасп