Путин бори дигар раисиҷумҳури Русия шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31543-Путин_бори_дигар_раисиҷумҳури_Русия_шуд
Мардуми Русия бори дигар Владимир Путинро ба раёсатҷумҳурии кишварашон баргузиданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 19, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Путин бори дигар раисиҷумҳури Русия шуд

Мардуми Русия бори дигар Владимир Путинро ба раёсатҷумҳурии кишварашон баргузиданд.

Ба гузориши шабакаи “RT”, Комиссияи интихоботи Русия эълом кард, ба думболи шумориши 99.81 дарсад аз оро, Владимир Путин бо касби 76.67 дарсад ба пирӯзии қотеъ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар даст ёфтааст.

Ҳамчунин бар асоси гузориши Кумитаи интихобот, беш аз як миллион нафар аз мардуми Қрим ба Путин раъй додаанд.

Владимир Путин пас аз эъломи пирӯзиаш дар интихобот бо қадрдонӣ аз мардуми Русия ва ҳаводоронаш, ки дар Майдони сурхи Маскав гирдомада буданд гуфт, ҳамаи мо барои сарбаландии Русия талоши бузургеро оғоз хоҳем кард.

Вай гуфт, натиҷаи интихобот нишон дод, ки бояд ҳамон масири пурқудрати гузаштаро идома диҳем ва бо ҳам ба пеш биравем.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия, рӯзи 18 март баргузор шуд.

Сергей Бабурин (Иттиҳоди миллии Русия), Павел Грудинин (Ҳизби коммунисти Русия), Владимир Жириновский (ҳизби Либерал демократи Русия), Владимир Путин (мустақил), Ксения Собчак (Ташаббуси шаҳрвандӣ), Максим Суракин (коммунистҳои Русия), Борис Титови (Ҳизби рушд) ва Григорий Явлинский (Яблоко) ҳашт номзади ин интихобот буданд.