Август 29, 2016 13:59 Asia/Dushanbe
  •  Исломобод: То Афғонистон узрхоҳӣ накунад, марз баста мемонад

Исломобод эълом кард, то замоне, ки Кобул ба таври расмӣ бобати ба оташ кашидани парчами Покистон дар марзи Чаман узрхоҳӣ накунад, марзи муштараки ду кишвар боз нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", бо гузашти беш аз 12 рӯз, марзи Чаман байни Покистон ва Афғонистон ҳамчунон бастааст ва нерӯҳои марзии ду кишвар натавонистаанд бо ҳам ба тавофуқ бирасанд.

Давлати Покистон эълом кард, то замоне, ки давлат Афғонистон ба таври расмӣ барои ба оташ кашидани парчами Покистон узрхоҳӣ накунад, марзи муштарак боз нахоҳад шуд.

Ин дархост дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чанде пеш Умар Зохелвол, сафири давлати Кобул дар Исломобод эълом кард: "Афғонистон дахолате дар ба оташ кашидани парчами Покистон надоштааст ва ниёзе ба узрхоҳӣ надорад".

Дар ҳамин ҳол теъдоди зиёде аз комюнҳои ҳомили тадорукоти НАТО дар сафҳои тӯлонӣ дар хоки Покистон мутаваққиф шуда ва мунтазири иҷозаи вуруд ба Афғонистон ҳастанд.

Комюнҳои ҳомили маводи хӯрокӣ низ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ ҳастанд ва бозаргонони маҳаллӣ эълом кардаанд, бар асари хароб шудани маводи хӯрокӣ зарари зиёде мутаҳаммил хоҳанд шуд.