Марги гурӯҳии 130 наҳанг дар соҳилҳои Австралия
(last modified Sat, 24 Mar 2018 12:33:21 GMT )
Март 24, 2018 17:33 Asia/Dushanbe
  •  Марги гурӯҳии 130 наҳанг дар соҳилҳои Австралия

Дастикам 130 наҳанги пилот (pilot)-и болкӯтоҳ дар ғарби Австралия талаф шуданд.

Ба гузориши ИРНА, ин наҳангҳо рӯзи гузашта дар соҳилҳои халиҷи Ҳамелин, дар ғарби Австралия ба далелҳои ношинохта дармонданд ва талоши гурӯҳҳои маҳаллӣ барои наҷоти ҷони онҳо фоидае надошт.

Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз шумори дигаре аз ин наҳангҳо дар хатти соҳилии ин минтақа зинда ҳастанд, ки гурӯҳҳои имдодгар саъй дар бозгардонидани онҳо ба обҳои Уқёнуси Ором доранд.

Наҳангҳои пилоти болкӯтоҳ дар обҳои гармсерӣ ва нимагармсерӣ ба таври гурӯҳӣ зиндагӣ мекунанд.

Зистшиносон бар ин боваранд, ки наҳангҳо ба паёмҳои изтиробомезе, ки аз дигар наҳангҳо ба онҳо мерасад, посухи мушобеҳе барои ба хушкӣ нишастан медиҳанд ва ҳамин амр сабаби марги ҷамъии онҳо мешавад.

Пештар, дар соли 1996 ҳам соҳилҳои Донсбуруг, дар ғарби Австралия шоҳиди марги ҷамъии 300 наҳанги пилоти болкӯтоҳ буд, ки ба унвони бузургтарин ҳодисаи зистмуҳитӣ дар ин замина сабт шудааст.