Гумонзаниҳо дар бораи ихроҷи беш аз 20 дипломати рус аз Амрико
Март 25, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
Масъулони амрикоӣ ва аврупоӣ эълом карданд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико эҳтимолан 20 дипломати рус ё бештарро дар посух ба заҳролуд кардани ҷосуси дуҷонибаи собиқи рус дар Англия ихроҷ кунад.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” гузориш дод, ин масъулон пешбинӣ карданд, дастури ихроҷи дипломатҳои рус фардо (душанбе) содир шавад.
Тибқи гузориши “Вашингтон пост”, масъулони амрикоӣ ҳамчунон мунтазири посухи кишварҳои аврупоӣ ба масъалаи масмумияти ҷосуси собиқи рус ҳастанд.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ахиран гуфта буд, кишвараш дар ҳоли баррасии гузинаҳо барои посухгӯӣ ба ин масъала ва эъломи ҳамбастагӣ бо кишварҳои аврупоӣ ва Англия аст.
Барчасп