Март 26, 2018 17:26 Asia/Dushanbe
  • Муфтии аъзами Маскав: Шаҳидони эронӣ суботи Ховари Миёнаро тақвият карданд

Муфтии аъзами Маскав ва маркази Русия аз нақши Эрон ва ба хусус шаҳидони эронӣ дар роҳи мубориза бо терроризм дар Ховари Миёна қадрдонӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал-Олам”, Албир Курганов гуфт, Эрон дар мубориза бо терроризм баръакси бархе кишварҳои минтақа ва қудратҳои байналмилалӣ иродаи қавӣ дорад ва нақш бозӣ намекунад.

Вай афзуд, беҳтарин гувоҳи муборизаи Эрон бо терроризм ва садоқати он - ҳимояти ин кишвар аз Сурия ва Ироқ, ду кишвари қурбонии таҳоҷуми террористҳо аст, ки дар чанд соли гузашта анҷом гирифт.

Муфтии Маскав гуфт, агар кумакҳои Эрон набуд ва агар шаҳидони ин кишвар набуданд, террористҳо баъд аз сарнагунии ҳукумати Сурия мумкин буд бар Ироқ низ ғалаба кунанд, ки ин як фоҷеа на фақат барои минтақаи Ховари Миёна, балки барои амнияти саросари ҷаҳон буд, аммо хушбахтона, ин сенария ноком монд ва нақшаи террористҳо шикаст хӯрд.

Ин шахсияти исломии рус бо баёни ин ки дар таърихи Ислом ҳамвора касоне будаанд, ки бо пазируфтани шаҳодат ба арзишҳои башарӣ хидмат кардаанд, афзуд: “Касоне, ки бо террористҳо дар кишварҳои исломӣ мубориза мекунанд, шаҳид ҳастанд ва назди Худо арҷ ва қурб доранд”.

 Курганов таъкид кард, терроризм имрӯз душмани аслии уммати исломӣ аст ва на фақат ба кишварҳои исломӣ ҳамла мекунад ва мусалмононро ба хоку хун мекашад, балки ба эътибор ва чеҳраи Ислом низ зарба мезанад.