Март 26, 2018 17:59 Asia/Dushanbe
  • Толибони Афғонистон симчӯби барқи воридотӣ аз Тоҷикистонро хароб кард

Гурӯҳи Толибон бо тарконидани як симчӯби барқи воридотӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Кобул- пойтахти Афғонистон, дар вилояти Бағлон, барқрасонӣ ба Кобулро қатъ кард.

Ба гузориши ИРНА, идораи тақсими барқи Афғонистон эълом кард, бо ин иқдоми Толибон, акнун шаҳри Кобул танҳо 90 мегават барқи ҳароратӣ ва обӣ дорад, ки ба навбат дар қисматҳои мухталифи шаҳр тақсим мешавад.

Шаҳри Кобул ба 700 мегават барқ ниёз дорад.

Гуфта мешавад, ки кормандони идораи барқ бо ҳамкории нерӯҳои амниятии Афғонистон ба минтақаи инфиҷори поя ё симчӯби барқ рафтаанд ва ба зудӣ кори насби пояи ҷадидро оғоз хоҳанд кард.

Гурӯҳи Толибон рӯзи сешанбеи гузашта низ як симчӯб ё пояи барқро дар вилояти Қундӯз, дар шимоли Афғонистон ҳадаф қарор дод ва дар натиҷаи он ба муддати як шабонарӯз Кобул дар торикӣ фурӯ рафт.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон далели ин иқдомро кӯтоҳии давлати Афғонистон дар таъмини барқи бархе аз навоҳии вилоятҳои Қундӯз ва Бағлон дар шимоли ин кишвар, ки таҳти контроли ин гурӯҳ қарор дорад, эълом кард.

Соли 2016 низ гурӯҳи Толибон ду пояи интиқоли ҷараёни барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро мунфаҷир карда буд.