Март 28, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Кореяи Шимолӣ ба дунболи ҳалли буҳрони Корея

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Пекин гуфт, дар пай ҳалли буҳрони шибҳҷазираи Корея аст.

Ким Ҷонг Ун дар дидор бо Ши Ҷингпин, раисҷумҳури Чин дар Пекин, ҳалли буҳрони шибҳҷазираи Кореяро ба амалкарди Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ машрут донист ва гуфт: Агар сарони Вашингтон ва Сеул ҳусни ният нишон диҳанд, метавон бо онҳо музокира кард.  

Сафари ғайрирасмии раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Пекин, ба даъвати раисҷумҳури Чин анҷом шуд.

Сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Пекин ва дидор бо раисҷумҳури Чин, қабли мулоқоти таърихии ӯ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико анҷом шуда, ки қарор аст, майи 2018 амалӣ шавад.  

Вазорати хориҷаи Чин ҳам эълом кардааст, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар сафари ахири худ ба Пекин ваъдаи поксозии шибҳҷазираи Корея аз таслиҳоти ҳастаиро матраҳ кардааст.

Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ ба ваъдаи раҳбари ин кишвар барои халъи силоҳи атомии шибҳҷазираи Корея ишорае накардааст.

 

Барчасп