Август 29, 2016 19:51 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди маҳдудият барои муҳоҷирон ба фоидаи иқтисоди Русия нест

Коршиносони тоҷик эҷоди маҳдудият барои муҳоҷирон дар вилояти Новосибирски Русияро як навъ таблиғоти қаблазинтихоботӣ аз сӯйи бархе маҳофили сиёсӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Холиқи Сангин, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, таҷрибаи эҷоди маҳдудият дар фаъолияти муҳоҷирони корӣ дар Русия борҳо такрор шудааст ва ҳар бор низ ин гуна иқдомот бенатиҷа будааст, зеро бисёре аз манотиқи Русия ба нерӯи кории муҳоҷирон шадидан ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Юрий Московский, узви Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Маскав қарори ҳукуматдорони вилояти Навосибирскро дар маҳдуд намудани фаъолияти муҳоҷирон якҷониба хонда таъкид кардааст, ки маҳдуд намудани фаъолияти муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди Русия зарари ҷиддӣ мерасонад. Юрий Московский афзудааст, ки иқтисоди Русия иқтисоди капиталистӣ аст ва дар ин навъи иқтисод нерӯи корӣ маҳсулот ба ҳисоб меравад, зеро он тавлид мекунад. Агар нерӯи корӣ набошад,  пас, тавлидот ҳам нахоҳад буд.

Эҷоди маҳдудият дар вилояти Новосибирск дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран, мақомоти шаҳрдории Маскав эълом карданд, дар нимсолаи аввали соли 2016 даромади муҳоҷирон ба буҷаи Маскав аз ширкатҳои нафтӣ зиёдтар будааст. Гуфтанист, ахиран, Юрий Лебедев - муовини раиси Думаи давлатии Русия ва намояндаи Ҳизби либерал-демократии ин кишвар изҳор кард, ки фаъолияти  муҳоҷирони корӣ дар бахши маориф, беҳдошт, ронандагӣ ва ғайра манъ карда шавад. Дар ҳоли ҳозир ин гуна маҳдудият дар  вилояти Навосибирск ҷорӣ шудааст. Акнун Юрий Лебедев пешниҳод намудааст, ки  тасмими мақомоти Новосибирск дар саросари Русия ҷорӣ шавад.