Гузориши Русия: Созмонҳои ҷосусии Бритониё дар моҷарои Скрипал дахолат доранд
(last modified Thu, 29 Mar 2018 13:48:46 GMT )
Март 29, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Русия: Созмонҳои ҷосусии Бритониё дар моҷарои Скрипал дахолат доранд

Вазорати умури хориҷии Русия дар гузорише эълом кард, созмонҳои ҷосусии Бритониё дар масмум шудани афсари собиқи ниҳоди ҷосусии Русия дахолат доштаанд.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе бо интишори баёнияе аз рафтори давлати Бритониё дар масъалаи масмум шудани Сергей Скрипал, афсари собиқи ниҳоди ҷосусии Русия интиқод кард. Дар ин баёния омадааст, рафтори Лондон дар масъалаи масмумияти Скрипал ин тасаввурро ба вуҷуд меоварад, ки созмонҳои ҷосусии Бритониё дар ин ҳодиса дахолат доштаанд. Ин баёния меафзояд, дар озмоишгоҳи кимиёии наздики Солсбери (ҷануби Бритониё) силоҳҳои кимиёӣ сохта шудааст, ки мақомоти Бритониё ин мавзӯъро махфӣ карда буданд.  Вазорати умури хориҷии Русия ҳамчунин эълом кард, ки тарафи бритониёӣ масъули ироаи шавоҳид дар бораи ҳодисаи масмумияти Скрипал аст. 

Мавзӯи масмумияти Сергей Скрипал ва духтараш дар ҷануби Бритониё мӯҷиби таниш дар равобити Маскав ва Ғарб шудааст. Сергей Скрипал ва духтараш чаҳоруми март дар Бритониё бо маводе, ки Лондон муддаӣ аст, маводи кимиёии низомӣ буда, масмум шуданд. Бритониё Русияро масъули ин иқдом медонад, аммо Маскав ин иддаоро рад мекунад.