Март 29, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот барои озодии Шайх Закзокӣ дар пойтахти Нигерия

Тазоҳуркунандагон дар Абуҷа, пойтахти Нигерия озодии бидуни шарти раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишварро хостор шуданд.

Садҳо муътариз, аз ҷумла аъзои Ҷунбиши исломии Нигерия бо роҳпаймоӣ дар хиёбонҳои Абуҷа аз давлат хостанд, то ба ҳукми озодии Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия, ки Додгоҳи Олии Федералии Абуҷа содир кардааст, амал кунад. Тазоҳуркунандагон дар поён бо таҷаммӯъ дар муқобили дарҳои Маҷмаи Миллӣ (парлумон)-и Нигерия аз қонунгузорон хостанд, то Муҳаммаду Буҳорӣ, раисҷумҳури ин кишварро ба пайравӣ аз қонун ва озодии Шайх Закзокӣ водор кунад.

Шайх Иброҳим Закзокӣ ва ҳамсараш дар ҳамлаи 13-уми декабри соли 2015-и низомиёни Нигерия ба маҳалли таҷаммӯи аъзои Ҷунбиши исломии ин кишвар дар шаҳри Заряи иёлати Кадуна боздошт шуданд. Дар ин ҳамла садҳо нафар, аз ҷумла се фарзанди Шайх Закзокӣ ба шаҳодат расиданд. Додгоҳи Олии Нигерия ҳукми озодии Шайх Закзокӣ ва ҳамсарашро содир кардааст, аммо артишу давлати ин кишвар ба рағми беморӣ ва заъфи шадиди ӯ ҳозир ба иҷрои ин ҳукм нестанд.