Март 30, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тавҳиномези намояндаи Думаи Русия дар бораи коргарони муҳоҷир

Намояндаи Маҷлиси Думаи Русия аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид пешниҳодеро барои афзоиши назорат бар коргарони хориҷӣ матраҳ кардааст, ки бархе дигар аз намояндагон онро тавҳиномез медонанд.  

Максим Иванов гуфтааст, ки задани дастбанд ба коргарони муҳоҷири ба нафъи онон аст, зеро ононро аз ҳамли мадорики шиносоӣ ва асноди мухталиф бениёз мекунад ва ба полиси Русия имкон медиҳад, ки коргарони муҳоҷирро дар ҳар нуқтаи ин кишвар таҳти назорат дошта бошад.  

Иванов таъкид кардааст, ки ин дастбандҳои ҳушманди электронӣ шомили таърихи вуруд, дар куҷо фаъолият кардани коргарони муҳоҷир, муътабар будани муҷаввизи иқомати онон ва мушаххасоти корфармо мешавад.  

Бо ин ҳол, теъдоде аз намояндагони Маҷлиси Думаи Русия бо ин пешниҳод мухолифат карда ва онро табъиз алайҳи коргарони муҳоҷир аз ҷумла шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва тавҳин ба шахсияти онон донистаанд.

Андрей Исаев, дигар намояндаи Маҷлиси Думаи Русия аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид гуфтааст, ки беҳтар аст, ба ҷои задани дастбанд ба коргарони муҳоҷир барои онон картаҳои электронӣ содир шавад, ки шомили тамомии иттилооти онон хоҳад шуд.