Март 31, 2018 20:53 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзӣ – сабаби лағви парвозҳо дар як фурудгоҳи Лондон

Вуқӯи оташсӯзӣ дар канори сохтмони марказии фурудгоҳи Стэнстед дар Лондон, пойтахти Бритониё боиси лағви тамоми парвозҳои хурӯҷии ин фурудгоҳ шуд.

Ба гузориши рӯзномаи “Индепендент”, дар оташсӯзии канори бинои сохтмони марказии фурудгоҳи Стэнстеди Лондон як автобуси махсуси ҷобаҷоии мусофирони фурудгоҳ туъмаи оташ шуд, ки ин амр хисороте ба бахши пеши бинои терминал ворид кард. Ин ҳодисаи оташсӯзӣ ҳеҷ талафоте надоштааст. Бо ин ҳол, бархе мусофирон аз маҳбус шудан дар дохили бинои терминал ва адами иқдоми ба мавқеи масъулони зирабт барои рафъи ин мушкил гиламанд буданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки сатҳи ҳушдори амниятӣ дар Бритониё дар марҳалаи шадид қарор дорад, ки ин маънии эҳтимоли сурат гирифтани амали террористиро дорад. Дар сурате ки авзои амниятии Бритониё ба бадтарин ҳолати худ бирасад, сатҳи ҳушдори амниятӣ ба сатҳи буҳронӣ мерасад ва ин ба он маънист, ки эҳтимоли вуқӯи як ҳамлаи қарибулвуқӯи террористӣ вуҷуд дорад.

 

Барчасп