Апрел 02, 2018 20:42 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии мақомҳои амрикоӣ бинобар дидор бо валиаҳди Саудӣ

Дидори фармондори иёлати Вашингтон ва шаҳрдори Сиэтл бо валиаҳди Арабистони Саудӣ садои эътирози мардуми Амрикоро даровард.

Нашрияи «Сиэтл нюс» рӯзи якшанбе навишт, Ҷей Инсли (Jay Inslee), фармондори иёлати Вашингтон ва шаҳрдори Сиэтл аз мардуми Амрико ба хотири дидори ахир худ бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ узрхоҳӣ карданд.

Муҳаммад ибни Салмон дар ҷараёни сафари ахираш ба Амрико махфиёна як шаби комилро дар шаҳри Сиэтл гузарондааст. Эътирозҳо дар ин шаҳр алайҳи сафари Муҳаммад ибни Салмон бинобар ҷанги хунини Арабистон дар Яман ташкил шудааст.

Валиаҳди Арабистон рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта ба шаҳри Сиэтл рафт. Шаҳри Сиэтл бузургтарин шаҳри шимолу ғарби ИМА аст. Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон бистуми март сафари дуҳафтаии худро ба Амрико шурӯъ кард ва бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳам дидору гуфтугӯ кардааст.

 

Барчасп