Апрел 04, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Лағви сафари раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ

Мақоми иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ аз лағви сафари раисҷумҳури ин кишвар ба Осиёи Марказӣ хабар дод.  

Сонг Ёнг-Гил, раиси кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии вобаста ба раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ин сафар ба далели баргузории Нишасти дуҷонибаи сарони Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ ба таъхир афтодааст.

Сонг гуфт, мушаххас нашудааст, сафари Мун Ҷае Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ба бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қазоқистон чи замоне баргузор хоҳад шуд.  

Бо ин ҳол, вай таъкид кард, ин сафар дар ояндаи наздик анҷом хоҳад шуд.

Музокиракунандагони Пхенян-Сеул пас нахустин дидори Ким Ҷонг Ун ва Мун Ҷае Ин, сарони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубиро 27 апрел эълом кардаанд.

 

Барчасп