Дархости маҷлиси Думаи Русия барои шиддати назорат бар коргарони муҳоҷири хориҷӣ
(last modified Thu, 05 Apr 2018 05:55:27 GMT )
Апрел 05, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости маҷлиси Думаи Русия барои шиддати назорат бар коргарони муҳоҷири хориҷӣ

теъдоде аз намояндагони маҷлиси Думаи Русия ангуштнигории илзомӣ аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишвар ва шиддат ёфтани назорат бар фаолияти ин афродро хостор шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Осиёи марказӣ, ин намояндагон ба ин боваранд  ки теъдоде аз афроди вобаста ба гуруҳҳои террористӣ, ки дар Сурия ва Ироқ омӯзишҳои низомӣ дидаанд, талош мекунанд, то дар пушиши донишҷу, коргари муҳоҷир ва мутахассиси ҳирфаӣ ба Русия ворид шаванд ва ин амр барои амнияти миллии ин кишвар таҳдиде ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.

Димитрӣ Пирминов-узми Кумитаи умури амният ва муқобила бо фасоди молӣ дар Думаи давлатии Русия гуфт, ки 16 ҳазор нафар аз ин афрод бо шиносномаҳои қалбакӣ ва бо истифода аз номҳои дигарон дар Русия ҳузур доранд.

Вай афзуд тайи солҳои 2016 аз тариқи ангуштнигории шаҳрвандони хориҷӣ аъзои 16 гуруҳи террористӣ шиносойи шудаанд, ки дар пушиши коргари муҳоҷир ба Русия омада ва пеш аз ин бо ДИИШ ҳамкорӣ доштаанд.

Бар асоси омори вазорати кишвари Русия дар моҳи марти имсол дар қаламрави ин кишвар 9 миллиону дусад ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ҳузур доштаанд, ки 21 дарсад украинӣ, 19 дарсад ӯзбакистонӣ ва 10 дарсад тоҷикистонӣ будаанд.

Хонум Олга Кирилова-масъули Идораи муҳоҷират дар Вазорати кишвари Русия бар ин бовар аст, ки корфармоёни русӣ барои фирор аз молиёт талош мекунанд истихдом ва мураххас кардани коргарони муҳоҷири хориҷиро пинҳон кунанд ва ин мавзӯъест, ки ин мавҷиби коҳиши даромади буҷети давлат мешавад.

Намояндагони маҷлиси Думаи Русия муътақиданд барои тадвини қонуни сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар то соли 2025 бояд тадбирҳои бештаре барои шиддат ёфтани назорат бар фаолияти шаҳрвандони хориҷӣ андеша шавад.