Чин аз Амрико шикоят кард
Ба пайи боло гирифтани ҷанги тиҷорӣ миёни Чин ва Амрико, Пекин рӯзи панҷшанбе эълом кард, дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ аз Амрико шикоят кардааст.
Ба гузориши ИРНА, Вазорати бозаргонии Чин бо интишори баёние эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба худдории Амрико аз музокира бо Чин дар бораи ҷуброни хисорат (зиён)-и ношӣ (баргирифта) аз эъмоли таърифа бар колоҳои ин кишвар бар асоси қавонини Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, Чин ба ночор ин шикоятро матраҳ кардааст.
Амрико моҳи гузашта тасмим гирифт бо вуҷуди эътирозҳои ҷаҳонӣ, бар воридоти фулод аз бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Чин 25 дарсад ва бар воридоти алюминий низ 10 дарсад таърифа эъмол кунад.
Ба думболи ин иқдоми Амрико, Вазорати бозаргонии Чин эълом кард, ин кишвар низ бар 128 маҳусулоти воридотӣ аз Амрико, аз ҷумла гӯшти хук ва меваҳо таърифа бастааст.
Дафтари намояндагии тиҷории Амрико мавсум ба (USTR) низ дар идомаи ҷанги тиҷорӣ бо Чин, як рӯз баъд феҳрасти ҷадиди худро мунташир кард, ки дар он бар ҳазору 300 колои воридотии дигар аз Чин, аз ҷумла колоҳои санъати ҳаво-фазо, фанновариҳои иртиботӣ ва иттилоотӣ, маҳсулоти роботик ва мошин олот ба арзиши 50 миллиард доллар, таърифа эъмол мешавад.
Чин низ як бори дигар муқобила бамисл кард ва як рӯз баъд аз ин тасмими Амрико, дар иқдоме мушобеҳ бар феҳрасти ҷадиде аз маҳсулоти воридотии Амрико аз ҷумла соя (донаи руғанӣ), худрав ва маҳсулоти кимиёвӣ, таърифа баст.