Апрел 08, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба дунболи тахриби равобити Эрону кишварҳои арабӣ

Давлати Амрико дар рӯзҳои ахир таҳаррукоти тозаеро дар ҷиҳати рафъи ихтилофот дар равобити байни кишварҳои арабӣ ва дар айни ҳол таҳрики ин кишварҳо ба мавзеъгирӣ зидди Эрон оғоз кардааст.

Сафарҳои зиёди мақомоти кишварҳои арабӣ ба Вашингтон низ бо ҳамин рӯйкард будааст, ки тозатарини онҳо дидори Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон аз Амрикост. Маҳофили хабарӣ ва сиёсӣ ин таҳаррукотро ба манзалаи шурӯи фасли ҷадиде аз рӯёрӯии Амрико бо Эрон бо истифода аз нақшофаринии Арабистон арзёбӣ мекунанд.

Бархе манобеъ дар давлати Амрико ахиран фош карданд, ки Доналд Трамп хоҳони қатъи комили равобити кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс бо Эрон аст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Трамп дар парвандаи буҳрони бавуҷудомада дар Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс саъй кард, ихтилофоти байни ин кишварҳоро аз тариқи эҷоди ҷабҳаи якпорча барои муқобила бо Эрон ҳал намояд. Рӯзномаи «Арраъй»-и Кувайт бо эъломи ин матлаб ба нақл аз ин манобеъ навишт: «Трамп, ки қарор аст, ба зудӣ бо Муҳаммад ибни Зоид, валиаҳди Абудабӣ дидор кунад, аз кишварҳои узви Шӯрои ҳамкорӣ мехоҳад, ки равобити худ бо Эронро ба таври комил қатъ кунанд». Трамп умедвор буд, ки замони истиқбол аз валиаҳди Саудӣ дар Кохи Сафед, ихтилофи Арабистон ва Қатарро ҳал кунад, аммо дидорҳое, ки ду тараф қабл аз ин дидор анҷом доданд, ин талошро беҳуда гузошт. Саранҷом валиаҳди Саудӣ ва раисҷумҳури Амрико ба баёни зарурати ваҳдати кишварҳои араби Халиҷи Форс дар ҷиҳати муқобила бо Эрон басанда карданд.

Воқеият ин аст, ки навъи равобити Амрико бо Арабистон бо иддаоҳое назири ташкили нерӯи якпорча бо мушорикати Амрико дар Халиҷи Форс иртиботи наздике дорад. Изҳороти Ҷеймз Ҷонс, фармондеҳи аршади собиқ НАТО аҳдофи ин таҳаррукотро ба вузуҳ нишон медиҳад. Ӯ як сол қабл хостори ташкили паймоне шабеҳи паймони НАТО дар минтақаи Халиҷи Форс шуда буд. Албатта, Арабистон ва бархе кишварҳои арабӣ минтақа, ки ба дунболи фурсатсозӣ барои худ ҳастанд, дар ин масир пешқадам шудаанд. Аммо дар ин раванд ҳама кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форс лузуман бо Амрико ва Арабистон ҳамсӯ нестанд. Мавозеи Умон, Қатар ва Кувайт дар ин замина тафовутҳоро нишон медиҳад.

Рӯзномаи "Раъй алявм", чопи Лондон аз ин раванд ба унвони доми ҷадиде барои кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ном бурд, ки таҳти унвони муқобила бо хатари Эрон ниҳода шудааст. Пойгоҳи интернетии ин рӯзнома дар мақолае ба қалами Абдулборӣ Атвон, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ навишт: "Муқобилаи ҷадиде, ки давлати Амрико барои вуруд ба он омода мешавад, шояд дар замини Сурия набошад, балки дар майдони Халиҷи Форс ва дақиқан зидди Эрон бошад". Амрико дар чаҳор даҳаи гузашта борҳо нишон додааст, ки ба дунболи амниятсозӣ дар минтақа нест ва барои муқобила бо таҳдидҳои воқеӣ ҳеҷ гоми муассире барандоштааст. Зеро худ ин таҳдидҳоро ба вуҷуд овардааст, то заминаро барои фурӯши силоҳ ва тазмини манофеи ширкатҳои аслиҳасозӣ фароҳам кунад.