Август 30, 2016 20:14 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти душвори паноҳҷӯён дар Аврупо

Дар шароите, ки паноҳҷӯён дар кишварҳои аврупоӣ барои пазириш ва сукунат, вазъияти буҳронӣ доранд, шаҳрдори Бандари Калеи Фаронса ба тавофуқномаи марзии ин кишвар ва Англис дар хусуси паноҳҷӯён эътироз кард.

Ксаве Бертран-сиёсатмадори ростгаро ва шаҳрдори Бандари Калеи Фаронса дар эътироз ба тавофуқномаи марзӣ бо Англис дар хусуси паноҳҷӯён гуфт, афроде, ки ба думболи паноҳандагӣ дар Англис ҳастанд бояд ба ин кишвар ва ё ба кишвари худ фиристода шаванд.

Вай, ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, мафоди тавофуқи дуҷониба миёни Англис ва Фаронса дар хусуси паноҳҷӯёни мустақар дар Кале, ки ба паймони "Ле-Туке" маъруф аст, ба беҳбуди мушкилот ва ислоҳи ин вазъ кӯмак кунад.

Тибқи тавофуқи ҷадид, паноҳҷӯён бояд битавонанд тақозои худро дар кампҳои паноҳҷӯён дар Фаронса ироа диҳанд ва дар сурате, ки тақозои онҳо пазируфта нашуд ба таври мустақим ба кишвари аслии худ бозгардонда шаванд.

Бар асоси ин тавофуқ, ҳамчунин масъулони муҳоҷирати Англис, бар гузарномаи паноҳҷӯён дар Бандари Кале ва ҳамтоёни фаронсавишон дар шаҳри Бандари "Dover" дар ҷанубу шарқи Англис назорат мекунанд.

Вазорати маскани Фаронса, низ ин ҳафта бо судури баёнияе басиҷи миллӣ дар ин кишварро барои рӯёрӯӣ бо мавзӯъи паноҳҷӯён хостор шуд.

Давлати Фаронса бар асоси тарҳи комиссияи Аврупо, бино бар саҳмия бандии пазириши паноҳҷӯён мутааҳҳид шуда, то поёни соли 2017, ҳудуд 24 ҳазор паноҳҷӯро пазириш кунад, дар ҳоле ки ҳанӯз омори дақиқе аз шумори паноҳҷӯёни пазириш шуда аз авохири соли 2015 токунун мунташир накардааст.

Шӯроҳои маҳаллии Англис, низ эълом карданд, ки бояд дар арзёбии ниёзҳои паноҳҷӯён аз ҷумла кӯдакон дар Бандари Кале қабл аз вурудашон ба Англис ширкат дошта бошанд.

Мақомоти Англис ва Фаронса, токунун дар хусуси сомондҳӣ ва беҳбуди шароити душвори паноҳҷӯён дар Бандари Кале ба тавофуқ нарсидаанд.

Давлати Олмон низ, дар хусуси афзоиши мушкилоти паёмади вуруди паноҳҷуён ба ин кишвар ҳушдор дод.

Франк-Юрген Вайзе- раиси Идораи федеролии муҳоҷират ва паноҳҷӯии Олмон низ гуфт, Берлин то поёни соли 2016, худро барои вуруди 250 ҳазор то 300 ҳазор паноҳҷӯ омода кардааст ва дар сурате, ки шумори онҳо беш аз ин рақам бошад, давлати Олмон барои сомондҳӣ ва назорат бар онҳо тавоноӣ надорад.

Ин дар шароите аст, ки давлати Олмон эълом кардааст, дар як соли гузашта беш аз як миллион паноҳҷӯ вориди ин кишвар шудаанд.

Пулиси Олмон, аммо эълом кард, ҳудуди 9 ҳазор кӯдаки паноҳҷӯ дар ин кишвар мафқуд шудаанд, ки ин масъала ба ташдиди нигарониҳо дар бораи қочоқи кӯдакон ва суиистифода аз онон дар Аврупо, доман задааст.

 Бар асоси ин гузориш, шумори кӯдакон ва навҷавонони мафқудшуда дар Олмон аз оғози соли ҷории мелодии 2016 токунун ду баробар шудааст.

Паноҳҷӯён, ҳамчунин барои сукунат ва зиндагӣ шароити душворе дар Италия ва Юнон доранд.

Кишварҳои аврупоии минтақаи Балкан аз ҷумла Полша, Венгрия, Словакия ва Сербистон низ низоми саҳмиябандии Аврупо барои пазириши паноҳҷӯёнро қабул надоранд.