Пизишкиён : Амрико ва Аврупо бояд бо исботи садоқат , эътимоди Эронро ҷалб кунанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122770-Пизишкиён_Амрико_ва_Аврупо_бояд_бо_исботи_садоқат_эътимоди_Эронро_ҷалб_кунанд
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Ҷумҳурии Фаронса гуфт : Ин Эрон нест ки бояд садоқати худро исбот ва эътимодофаринӣ кунад , балки Амрико ва Аврупо ҳастанд ки бояд бо исботи садоқати худ эътимоди Ҷумҳурии Исломиро ҷалб кунанд .
(last modified 2025-11-09T06:12:52+00:00 )
Ноябр 06, 2025 13:03 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён : Амрико ва Аврупо бояд бо исботи садоқат , эътимоди Эронро ҷалб кунанд
    Пизишкиён : Амрико ва Аврупо бояд бо исботи садоқат , эътимоди Эронро ҷалб кунанд

Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Ҷумҳурии Фаронса гуфт : Ин Эрон нест ки бояд садоқати худро исбот ва эътимодофаринӣ кунад , балки Амрико ва Аврупо ҳастанд ки бояд бо исботи садоқати худ эътимоди Ҷумҳурии Исломиро ҷалб кунанд .

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Масъӯди Пизишкён , раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ «Эммануэл Макрон» раиси Ҷумҳурии Фаронса дар посух ба изҳороти ҳамтои фаронсавӣ дарбора музокира бо Амрико , бо ишора ба савобиқи гуфтугӯҳои Теҳрон бо Вашингтон , изҳор дошт : Эрон борҳо эълом карда ки барасоси фатвои Раҳбари инқилоби исломӣ ва низ чорчӯби докторини амниятӣ ва дифои худ ба ҳеҷ ваҷҳ ба дунболи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ нест , аммо мутаъасифона шоҳиди он ҳастем ки барпояи як исрори муғризона , Эрон ба баҳонаи кизби талош барои сохти силоҳи ҳастаӣ , таҳти фишору таҳримҳои фазояндаи қарор гирифтааст .

Пизишкиён гуфт : Рӯйкарди усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст , дар ҷое ки метавон бо мантиқ ва гуфтугӯ суитафоҳумотро бартараф кард , ба кор бурдани зӯру таҳдид на танҳо мушкилро ҳал намекунад , балки ба ихтилофоту шикофҳо доман низ мезанад .

Раиси Ҷумҳурии Эрони афзӯд : Ҷумҳурии исломӣ ҳамвора аз гуфтугӯ ва таъомул истиқбол карда , аммо имрӯзи ин тараф муқобил аст ки бояд ба унвони як иқдоми эътимодсоз , ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Эронро муҳтарам бишуморад ва ба дунболи таҳмили зиёдахоҳиҳои худ набошад .

«Эммануэл Макрон » раиси Ҷумҳурии Фаронса низ дар ин тамоси телефонӣ бобати бардоштани гомҳои амалии Эрон дар ҷиҳати бартараф кардани бархе мавонеъ ва амал ба тавофуқоти ҳосил шуда дар дидорҳои гузашта , аз раиси Ҷумҳурии Эрон қадрдонӣ кард .

Раиси Ҷумҳурии Фаронса дар идома бо баёни инки барои эҷоди як чорчӯби музокироти ҷадид талош хоҳад кард то битавон ба натиҷаи равшани байни Эрон вав кишварҳои ғарбӣ барисанд , гуфт : Зарурӣ аст таъомулот ва гуфтугӯҳои мо дар ҷиҳати эҷоди шафофияту эътимодсозӣ идома дошта бошад то битавонем ба тавофуқ бирасем ва зимни рафъи таҳримҳо , равобити мутақобилро беҳбуд бахшида ва густариш диҳем .