Узрхоҳии мудири Фейсбук дар конгираи Амрико
Мудири Фейсбук бо ҳузур дар ҷаласаи конгираи Амрико, ки ба дунболи расвоиҳои ахири ин шабакаи иҷтимоӣ дар заминаи поймолсозии ҳарими шахсии корбарон баргузор шуд, маҷбур ба узрхоҳӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Марк Закирберг эътироф кард ин шабакаи иҷтимоӣ дар заминаи ҳифозат аз додаҳои хусусии корбарон кутоҳӣ кардааст.
Вай афзуд: Ин масъала ҷанҷоли ахири марбут ба Камбриҷ Аналитикаро ҳам дар бар мегирад.
Мудири Фейсбук тасреҳ кард: Акнун мушаххас шуда, ки Фейсбук барои пешгирӣ аз осебзадан ба дигарон ба андозаи кофӣ фаолият накардааст.
Ба тозагӣ расонаҳо гузориш доданд ширкати додапардозии Камбриҷ Аналитика, ки бо Ситоди интихоботии Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико ҳамкорӣ дошта ба иттилооти 50 миллион корбари Фейсбук даст ёфтааст.