Зиндон муҷозоти низомиёни ҷинояткори мянмарӣ
Апрел 11, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
Шуморе аз низомиёни Мянмар ба иллати иртикоби ҷинояти зидди мусулмонони ин кишвар ба зиндон маҳкум шудаанд.
Артиши Мянмар эълом кард, ҳафт низомии ин кишвар ба ҷурми куштори мусулмонони роҳингияӣ ба 10 сол зиндон маҳкум шуданд.
Ҷиноятҳои густардаи нерӯҳои артиш ва будоёни ифротӣ алайҳи мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахини Мянмар, ки аз 25 августи 2017 шуруъ шуда, ҳазорон кушта, захмӣ ва садҳо ҳазор овора барҷо гузоштааст.
Мянмар таҳти фишори афкори умумӣ мутааҳҳид шудааст, бозгашти оворагони роҳингияиро дар сурате, ки ҳуввияташон тайид шавад, осон кунад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Мянмар аз даҳҳо сол пеш аз додани баргаи шиносоӣ ба роҳингияиҳо худдорӣ кардааст.