Апрел 12, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
  • Неругоҳи ҳастаии Чернобил макони гардишгарӣ шуд

Дарҳои неругоҳи ҳастаии осебдидаи Чернобил дар Украина ба рӯи гардишгарон боз шудааст ва афроди болои 18 сол метавонанд бо пардохти 100 доллар, аз тамоми бахшҳои ин неругоҳ дидан кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии неругоҳи ҳастаии осебдидаи Чернобил, гардишгарон метавонанд аз тамоми бахшҳои неругоҳ ҳатто бахшҳое, ки бар асар инфиҷор нобуд шуда буд, боздид кунанд.

Ҳаддиақали сини боздидкунандагон бояд 18 сол бошад ва гардишгарон пас аз боздид, маҷбурӣ мавриди бозбинӣ ва контроли саломат қарор мегиранд ва ба онҳо гувоҳии саломат дода мешавад.

Ҳодисаи инфиҷор дар рекатори шумораи чаҳори неругоҳи ҳастаии Чернобил, бомдоди 26 апрели соли 1986 рух дод ва шӯълаи рангинкамоне ба баландои ҳазор метр, осмони Украинаро нуронӣ кард, ки ҳатто сабаби фаврон абрҳои атомӣ ба фазо шуд.

Ин ҳодиса бо теъдоди зиёде кушта ва масдум, боис шуд як минтақаи бузург бо пешрафтатарин таъсисот ва як шаҳр бо имконоти рифоҳии вижаи коркунони ин неругоҳ, ғайриқобили истифода шавад.

Акнун низ манотиқи наздики неругоҳи Чернобил пас аз гузашти 30 сол ба далели вуҷуди мондагории олудагии шадиди партавӣ ва радиоактивӣ барои 20 ҳазор сол ва манотиқи перомунӣ ҳам ҳаддиақал барои се ҳазор сол ғайриқобили сукунат ташхис дода шудааст.

Ин воқеа бо ҳазинае болиғ бар 200 миллиард доллар, пурхарҷтарин ҳодисаи таърих башумор меравад.