Апрел 14, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
  •  Артиши Миёнмор дар феҳрасти сиёҳи СММ

Созмони Милал артиши Миёнморро ба далели иртикоби ҷиноёт ва аъмоли хушунатҳои ҷинсии густурда, зидди занон ва духтарон мусулмони рӯҳингиёӣ дар феҳрасти сиёҳи худ қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, бар асоси гузориши Дабири кулли Созмони Милал ба Шӯрои амният, пизишкони байналмилалӣ эътироф кардаанд, тақрибан бисёре аз занон ва духтарони овораи мусулмони рӯҳингиёӣ аз мушкилоти мутааддиди рӯҳии ношӣ аз таҷовузи ваҳшиёнаи ҷинсии неруҳои низомии Миёнмор ранҷ мебаранд.

Антониу Гутерриш таъкид кардааст, таҳдиди густурда ва истифода аз хушунати ҷинсӣ, бахше аз стратегияи артиши Миёнмор барои таҳқир, таҳдид ва тарси мусулмонони рӯҳингиёӣ буда то бо истифода аз ин равиш, онҳоро ба таври иҷборӣ аз Миёнмор берун ронанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамчунин дар гузорашҳои мухталифи худ, таҷовуз ва куштори ҷамъӣ алайҳи мусулмонони рӯҳингиёӣ, аз ҷумла навзодон ва кӯдакони хурдсол тавассути низомёни миёнмориро таъйид карданд ва аз он ба унвони ҷиноят алайҳи башарият ёд карданд.