Апрел 15, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
  • Паёми Путин ба Нишасти сарони Иттиҳодияи Араб

Раисҷумҳури Русия дар паёме ба Нишасти сарони Иттиҳодияи Араб дар Арабистон, хоҳони мушорикати кишварҳои араби минтақа дар фароянди фаъолсозии роҳҳалли сиёсии Сурия шуд.  

Владимир Путин дар ин паём ибрози умедворӣ кард, Русия ва кишварҳои узви ин иттиҳодия битавонанд дар марҳалаи пасо-ДИИШ, ба як андоза дар фароянди фаъолсозии роҳҳалли сиёсӣ, бозсозӣ ва ҳалли мушкилоти ҷиддӣ дар кишварҳои Ироқ ва Сурия, мушорикат дошта бошанд.  

Раисҷумҳури Русия дар паёми худ, зимни эъломи омодагӣ барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ин иттиҳодия ба манзури таъмини амнияти минтақаӣ, хостори идомаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ бо эҳтироми зиёд ба ҳокимияту тамомияти арзии кишварҳо шуд.

Бисту нуҳумин даври иҷлоси сарони араб дар ҳоле имрӯз дар Арабистон баргузор мешавад, ки аз беш аз 10 моҳ пеш ихтилофоти шадиде байни кишварҳои арабӣ ба вуҷуд омада ва чаҳор кишвари Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср низ равобити худ бо Қатарро қатъ ва узвияти Сурия дар ин иттиҳодия низ ҳамчунон дар ҳолати таълиқ аст.

 

Барчасп