Апрел 16, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози сафари серӯзаи вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба Осиёи Марказӣ

Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ сафари серӯзаи худро ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба манзури тақвияти равобити дуҷониба бо кишварҳои ин минтақа оғоз кард.  

Канг Киюнг Ва субҳи душанбе кишварро ба мақсади Қазоқистон ва сипас Узбакистон тарк кард.  

Вай сешанбе ва чаҳоршанбе ба тартиб бо ҳамтоёни қазоқ ва узбаки худ дидор мекунад ва қарор аст, дар ин дидорҳо дар бораи роҳҳои тақвияти равобит ва манофеи мутақобил ва низ шароити кунунӣ дар шибҳҷазираи Корея бо масъулони ду кишвар гуфтугӯ кунад.  

Қазоқистон узви ғайридоими Шӯрои амният аст ва ин ду кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзуоти муртабит бо шибҳҷазираи Корея аз Кореяи Ҷанубӣ ҳимоят мекунанд.

 

Барчасп