Апрел 17, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Рафтори ваҳшиёнаи арбоби Саудӣ бо хидматкори филиппинӣ

Бадрафторӣ бо коргарони хориҷӣ дар Арабистон боз ҳам ҷанҷол офарид ва инбор як зани хидматкори филиппинӣ ба хотири иқдоми аҷиби корфармояш равонаи бемористон шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, як корфрмои Саудӣ баъди муддатҳо озор расондан ба хидматкораш ва пардохт накардани дастмузди ӯ, вайро ба хурдани моеи сафедкунанда маҷбур кард.  

Анҷес Мансилия, хидматкори филиппинӣ баъди инки маҷбур шуд, моеи сафедкунандаро бинушад, бадҳол шуда ва пас аз интиқол ба бемористон дар шаҳри Ҷизони Арабистон таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифтааст.

Вазорати хориҷаи Филиппин ба дунболи бурузи ин ҳодиса бо интишори баёнияе ин иқдомро маҳкум ва таъкид кард, барои расидани ин зани филиппинӣ ба ҳаққаш талош мекунад.  

Соли гузашта дар Тоҷикистон ҳам эълом шуд, бо талоши сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Риёз то октябри 2017, 28 зан ва ҳафт марди тоҷик аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ раҳоӣ ёфта ва ба кишвари хеш баргаштанд.