Апрел 18, 2018 12:10 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раҳбари Кореяи Шимолӣ ба муносибати Рӯзи истиқлоли Сурия

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар паёме ба раиси ҷумҳурии Сурия ҳафтоду дувумин солгарди истиқлоли ин кишварро ба давлат ва миллати Сурия табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Ким Ҷунг Ун дар паёми табрикии худ ба Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, бар ҳимояти Пхенян аз давлати Димишқ таъкид кард.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар ин паёми табрикӣ ҳамчунин талоши мардуми Сурия ва муваффақиятҳои арзишманди ба дастомада дар набард барои ҳифзи амният ва истиқлоли ин кишварро сутуданӣ донист.

Ким Ҷунг Ун дар идома ҳамбастагӣ ва ҳимояти худро аз ормони одилонаи давлат ва миллати Сурия эълом кард.

 

Барчасп