Апрел 18, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори нахустин радиои исломӣ дар шибҳҷазираи Қрим

Нахустин радиои исломӣ ба номи Ирфон дар маросиме дар шаҳри Симферополи маркази ҷумҳурии Қрим оғоз ба кор кард.  

Ба нақл аз Ирно, идораи мусулмонони минтақаи Қрим эълом кард, бахши аслии барномаҳои радиои Ирфон, ки аз чаҳоршанбе оғоз ба кор кард, ба муаррифии дини ислом ва улгуи шахси мусулмон ихтисос дорад.  

Дар барномаҳои Ирфон, ҳамчунин омӯзиши забонҳои тоторӣ, арабӣ ва англисӣ ҷой дорад.

Бахше аз барномаҳои радио низ ба бозгуии моҷароҳои сафарҳо, навовариҳои илмӣ ва технологӣ ва барномаи кӯдакон ихтисос меёбад.