Апрел 18, 2018 21:20 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ихтилофот дар Амрико бар сари Сурия

Бо фурукаш кардани гарду ғубори ношӣ аз ҳамлаи Амрико ба Сурия, ба тадриҷ ихтилофи назарҳое дар Амрико бар сар Сурия намоёнтар мешавад.  

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз аз ихтилофи назари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Ҷеймс Мэтюз, вазири дифои ин кишвар бар сари мавзуи муҷаввизи ҳамла хабар дод.

Пойгоҳи хабарии Вакс низ навишт:

“Миёни Ҷеймс Мэтюз ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати Амрико бар сари шиддати ҳамалот ихтилофи назар буруз карда буд”.

Дар ҳоле, ки ихтилоф миёни Ларри Кудлов, мушовири иқтисодии раисҷумҳур ва Ники Ҳейли, сафири Амрико дар Созмони милал дар мавриди чигунагии вокуниш ба ҳимоятҳои Русия аз Сурия низ ба даргирии лафзӣ миёни ин ду тан анҷомид.

Дар ҳоли ҳозир, тасмимгирандагони аслии ҳамлаи мушакӣ ба Сурия дар талош ҳастанд, нақши худро дар бурузи мушкилоти эҷодшуда коҳиш диҳанд ва дигаронро мусаббиби нокомӣ муаррифӣ намоянд.

Ҳафтаи гузашта ҳудуди 100 фарванд мушаки Амрикоӣ ба манотиқе аз хоки Сурия партоб ва ҳадафи он посухгуӣ ба ҳамлаи иддаоии химиявӣ ба минтақаи Дума дар ин кишвар унвон шуд.

Бо ин ҳол, Робин Ройт, бо ишора ба бесамар будани ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия дар the new yorker менависад:

“Воқеият ин аст, ки кори чандоне барои тағйир дар тавозуни низомӣ дар ин кишвар ё натиҷаи ҷанг наметавон анҷом дод”.  

Нахустин мушкил дар баҳси ҳамлаи бидуни муҷаввиз буруз кард.

Мушкили дувум дар хусуси шиддати ҳамалот ба Сурия аст.

Ин ҳамалот, ки ҳазинаи сиёсии сангине барои Амрико ба ҳамроҳ овард, ба ҳеҷ ваҷҳ таъсире дар тавозуни низомӣ дар Сурия ва ба нафъи шӯришиён надоштааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи назарҳо миёни ниҳодҳо дар Амрико метавон интизор дошт, ки Вашингтон аз иттихози роҳбурди ҷомеъ ва муассир дар қиболи ҷанги Сурия нотавон бимонад.