Апрел 25, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
  • Озодии занони рус аз зиндоне дар Афғонистон ва бозгашт ба ватан

Ду шаҳрванди зани Русия, ки дар Афғонистон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ифротии Ансоруллоҳ зиндонӣ буданд, ба ҳамроҳи кӯдакони хурдсоли худ ба кишварашон бозгаштанд.

Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон, бозгашти ин ду маҳкум собиқ ба номҳои Г. Муҳаммадбекова ва Г. Аминаеваро  Алексей Косарев, кордори сафорати Русия дар Афғонистон эълом кардааст.

Мақомоти Афғонистон ин ду нафарро соли қабл ба муддати як солу як моҳ ба зиндон маҳкум карданд, ки акнун бо сипарӣ кардани даврони муҷозот, озими кишвари худ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз ҷузъиёте аз чигунагӣ ва замони боздошти ин д  нафар ва чигунагии ҳузури онон дар Афғонистон, ифшо нашудааст.

Созмони Ансоруллоҳ барои нахустин бор дар соли 2010 пас аз амалиёти интиҳории яке аз аъзои худ дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон, эъломи мавҷудият кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2012 фаъолияти ин гуруҳро дар хоки ин кишвар, мамнуъ эълом кард.