Трамп: БАРҶОМ тавофуқе аст, ки ҳаргиз набояд иттифоқ меафтод
Раиси ҷумҳури Амрико дар дидор бо ҳамтои фаронсавии худ БАРҶОМро музҳик ва фоҷеъабор хонд ва гуфт: Чунин тавофуқе ҳаргиз набояд имзо мешуд.
Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, Доналд Трамп дар дидор бо Эманоел Макрон иддао кард: Агар эрониҳо ба ҳар далелие барномаи ҳастаии худро аз сар бигиранд, бо мушкилоте ба маротиб бузургтар аз мушкилоти пеш аз БАРҶОМ рубару хоҳанд шуд.
Вай аз мақомоти баландпояи давлати пешини кишвараш ба хотири қабули мафодди БАРҶОМ интиқод кард.
Дар ин ҳол Эманоел Макрон тавофуқи ҳастаии 5+1 бо Эронро масъалаи муҳимме хонд ва аз иродаи худ барои баҳс бо Трамп даври меҳвари ин тавофуқ хабар дод.
Макрон бо таъкид бар ҳифзи БАРҶОМ гуфт: Бояд тавофуқи ҳастаиро бахше аз тасвири бузургтари амнияти он минтақа дар назар гирифт.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак бо раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Сафед, бори дигар ба такрори иддаоҳо бар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон пардохт.
Трамп дар ин нишати хабарӣ бо баёни инки наметавон ба Эрон иҷоза дод ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад, дубора таъкид кард: Барҷом як тавофуқи бад аст.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин Эронро масъули бештари бесуботиҳо дар минтақа бар шуморд ва иддао кард Ҷумҳурии исломии Эрон аз террористҳо ҳимоят мекунад.
Раиси ҷумҳури Фаронса низ дар ростои ҷалби назари Трамп таъкид кард: Порис бо Вашингтон бар сари лузуми маҳдуд кардани барномаи дифоии мушакӣ ва нуфузи минтақаии Эрон тафоҳум дорад.
Раиси ҷумҳури Фаронса барои порае аз музокирот дар хусуси БАРҶОМ ва Сурия аз 23 апрел ба Амрико сафар кардааст.