Апрел 25, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Дархости Комиссияи интихоботи Афғонистон аз уламои динӣ

Комиссияи интихоботи Афғонистон аз уламои динӣ хост, то мардумро барои ширкати густарда дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ ташвиқ кунанд.  

Маозиллоҳи Давлатӣ, муовини ин комиссия дар як нишасти муштарак бо уламои динӣ гуфт, “аз уламо мехоҳем, ки бар асоси вазифаи динӣ ва исломияшон нақши худро дар ин бахш ифо карда ва мардумро ташвиқ кунанд, ки ба марокизи раъйдиҳӣ бираванд, то дар рӯз раъйдиҳӣ аз ин ҳаққашон маҳрум нашаванд”.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ дар поёни ҳафтаи гузашта аз уламо ва масъулони ҷомеаи маданӣ хоста буд, то мардумро ба ҳузур ёфтан дар раванди сабти ном ташвиқ кунанд. Ин дархости масъулони давлати Афғонистон аз уламо аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ин кишвар дар ҳоли заминасозӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои шаҳр ва русто аст, ки дар таъини сарнавишти Афғонистон бисёр муҳим мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоте, ки дар интихоботи гузашта дар Афғонистон буруз кард, давлати ин кишвар бо таъвиқ андохтани интихоботи парлумонӣ ва шӯрои шаҳр талош кард, созу корҳои лозимро барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҳаргуна мушкил дар интихоботи отӣ иттихоз кунад.  

Ғулом Аллоҳ, коршиноси сиёсӣ аз Бадахшон мегӯяд, “ба хотири инки мо дар Афғонистон зиндагӣ мекунем, бояд раъй бидиҳем”.

Зиёуллоҳ Амархайл, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, “бояд беш аз пеш мардуми Афғонистон дар мавриди интихобот огоҳ шаванд. Омӯзиши таблиғкунандагон такмил шуда ва онҳо машғули кор шудаанд, аммо кофӣ нест. Дар канори он баргузории семинарҳо, ҷаласот, ҳузури уламои динӣ, ришсафедон ва бузургони қавмӣ дар саҳна низ муҳим аст, аммо бояд бештар талош кард”.  

Дар ҳар ҳол, нақши уламо ва раҳбарони ақвом аз ҷойгоҳ ва эътибори зиёде дар ҷомеаи суннатӣ ва мазҳабии Афғонистон бархурдор аст.

Уламо метавонанд зимни маҳкум кардани ҳамалоти террористӣ мардумро дар мавриди ниёт ва аҳдофи террористҳо огоҳ кунанд ва дар ҳамон ҳол, аҳаммият ва нақши интихоботро низ дар таъини сарнавишти мардуми Афғонистон иттилоърасонӣ кунанд, то интихоботи отии ин кишвар густурдатар аз гузашта баргузор шавад.

 

Барчасп