Мухолифати Додгоҳи Олии Нигерия бо озодии Шайх Закзокӣ
(last modified Wed, 31 Aug 2016 13:11:32 GMT )
Август 31, 2016 18:11 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Додгоҳи Олии Нигерия бо озодии Шайх Закзокӣ

Додгоҳи Олии Нигерия бо дархости ҷамъе аз вакилони ин кишвар барои озодии сареи Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия мухолифат кард.

Бинобар эъломи Додгоҳи Олии Нигерия, ба далели он чӣ, ки ин додгоҳ "нагирифтани иҷозатномаи ҳуқуқӣ аз додгоҳи марбута дар вақти муқарраршуда" ва низ "ҳузур наёфтани мақомоти пулису додситонии ин кишвар ва шунидани назароти онон"-аш номидааст, ба ин дархост мухолифат кардааст. Мухолифати Додгоҳи Олии Нигерия дар ҳолест, ки тазоҳуроти мусалмонони Нигерия алайҳи артишу нерӯҳои амниятии ин кишвар барои озодии Шайх Закзокӣ дар вилояти Кадуна, шимолу ғарби ин кишвар шиддат гирифтааст. Мусалмонони Нигерия дар шаҳри Кадуна, шимоли ин кишвар ҳафтаи гузашта бо баргузор кардани тазоҳурот озодии фаврии Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишварро хостор шуданд.

Дар ин тазоҳуроти эътирозие, ки аъзои Ҷунбиши исломии Нигерия низ ҳузур доштанд, Абдулҳамид Белло, яке аз рӯҳониёни ин кишвар бо намояндагӣ аз аъзои Ҷунбиши исломии Нигерия гуфт: "Хостаи мо ин аст, ки Шайх Закзокӣ, бақияи мусулмононе, ки аз сӯйи нерӯҳои артиши Нигерия боздошт шудаанд, фавран озод ва ҷасади кушташудаҳо низ таҳвил дода шавад, то бар асоси аҳкоми исломӣ онҳоро ба хок супорем".

Ҷунбиши исломии Нигерия эълом кард, қобил қабул нест, ки дар як замони демократӣ ва таҳти ҳокимияти давлате, ки савганд хӯрдааст, аз ҷони мардум муҳофизат кунад, беш аз 347 нафар аз шаҳрвандон ба дасти низомён кушта шаванду ҳеҷ кадоме аз ин низомиён муҳокимаву муҷозот нашавад.

Тазоҳуроти мусолиматомези шиаёни Нигерия дар ҳоле идома дорад, ки ҳатто ниҳодҳои ҳуқуқи башар низ борҳо нисбат ба вазъияти номусоиди раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишвар дар яке аз зиндонҳои Нигерия ҳушдор додаанд. Ниҳодҳои фаъол дар заминаи ҳуқуқи башар чанде пеш эълом карданд, Шайх Иброҳим Яъқуб аз-Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия бо вуҷуди ин ки саломатии ӯ буҳронӣ аст, дар маҳалли боздошти худ дар маърази як саҳлангории амдии пизишкӣ аз сӯйи мақомоти Нигерия қарор дорад. Ин ниҳодҳо ҳушдор додаанд, агар ин бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангорӣ нисбат ба вазъияти саломатии Шайх Закзокӣ идома дошта бошад, мунҷар ба аз даст рафтани вай дар зиндагӣ хоҳад шуд. Акнун шумори зиёде аз мусалмонони Нигерия аз вазъи номуносиби саломатии раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия дар зиндон ибрози нигаронӣ кардаанд. Маҳдудияти мулоқоти хонаводаи Шайх Иброҳим  Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия бо вай ва вазъияти рӯ ба вахомати Шайх Закзокӣ аз ҷумлаи дархостҳои мусалмонони ин кишвар аст. Бинобар эъломи манобеи огоҳ, чашми Шайх Закзокӣ бар асари исобати гулӯла дорои ҷароҳати амиқ шуда, ки бояд мавриди расидагии пизишкӣ қарор гирад, аммо чунин як имкон ба Шайх дода намешавад.

Бар асоси эъломи коршиносон, ҳадафи артиши Нигерия пас аз дастгир кардани Шайх Закзокӣ нобуд кардани ҳаракати исломӣ дар шаҳрҳои мухталифи Нигерия будааст. Пештар Шайх Исмоил Шоиб, муовини Шайх Закзокӣ таъкид карда буд, дар ҳоли ҳозир чандин шабакаи ваҳҳобӣ бо ҳимоят аз кишвари Арабистон алайҳи раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия фаъолият мекунанд.

Дар пайи юриши артиши Нигерия ба маҳалли иқомати Шайх Иброҳим Закзокӣ дар шаҳри Зарияи Кадона, шимоли ин кишвар ва ҳамчунин ҳусайнияи шиаён, 14 декабри соли 2015 садҳо тан, аз ҷумла се фарзанди Закзокӣ кушта шуданд. Нерӯҳои Нигерия ҳамчунин дар ҳамла ба манзили Шайх Закзокӣ вай ва ҳамсарашро дастгир карданд. Артиши Нигерия дар ин юриш беш аз ҳазор нафар аз мусалмононро кушта, ҳазорон нафари дигарро, ки ба дифоъ аз Шайх омада буданд, ё дар оташ сӯхтанд ва ё  аз байн бурданд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар чанде пеш аз масъулони Нигерия хост, то Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ва Зинат, ҳамсарашро озод кунанд. Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин бар лузуми иҷрои супоришоти Кумитаи таҳқиқоти Нигерия ва муҳокимаи нерӯҳои артиш, ки дар куштори мусалмонон дар ин кишвар даст доштанд, таъкид кард. Кумитаи таҳқиқот артиши Нигерияро ба куштани 347 мусалмон ва дафни онҳо дар гӯристонҳои ҷамъӣ дар шаҳри Кадуна дар авохири соли гузашта муттаҳам кардааст.