Апрел 27, 2018 16:01 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти сарони ду Корея

Нишаст ва дидори таърихии сарони ду Корея дар рустои марзи Панмунҷуми Кореяи Ҷанубӣ, оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ким Чен Ун раҳбари Кореяи Шимолӣ субҳи имрӯз ҷумъа пас аз онки аз марз убур кард, мавриди истиқболи ситоди ташрифот ва Мун Чжэ Ин раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар рустои Панмунҷум қарор гирифт ва вориди хонаи сулҳ дар ин русто шуд ва музокиротро оғоз кард.

Бинобар эъломи масъули дафтари раиси ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Ким Чен Ун ва Мун Чжэ Ин сарони ду Корея ва ҳайати ҳамроҳ дар ин дидор ва нишаст, дар бораи ҳалли буҳрони нимҷазираи Корея ва тазмини сулҳи пойдор ва рифоҳ дар минтақа гуфтугӯ мекунанд.

9 нафар Ким Чен Ун раҳбари Кореяи Шимолиро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.

Маросими истиқбол ва ташрифот аз сарони ду Корея бо либоси маҳаллӣ ва суннатӣ ва дар фазои бози бинои маҳали музокира баргузор шуд.

Ҳамчунин қарор аст пас аз нишасти сарони ду Корея ва ҳайати ҳамроҳ, як дарахти коҷ дар минтақаи марзии ду Корея ба нишонаи сулҳ ва шукуфоӣ кошта шавад ва сарони ду кишвар онро обёрӣ кунанд.

 

Барчасп