Апрел 29, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Хунсо шудани тавтеаҳои Амрико дар Сурия

Мудири кулли Шӯрои дифои миллии Венесуэла эълом кард, тавтеаҳо ва иқдомоти тахрибии Амрико дар Сурия хунсо шуд.

Паскуллино Андҷилио Фернандес, мудири кулли Шӯрои дифои миллии Венесуэла, дар гуфтугӯ бо Спутник гуфт, мушорикати фаъоли Русия дар ҳалли буҳрони Сурия тарҳҳои Амрико барои тақсими Сурияро хунсо кард.  

Вай афзуд, ҳамкории Русия дар ҷанг алайҳи терроризми байналмилалӣ монеи талошҳои кишваре аз қораи дигар барои таъмини молии гурӯҳҳои ифротӣ шуд.  

Сурия аз 2011, даргири ҷанги дохилӣ ва муборизаи нерӯҳои давлати ин кишвар бо гурӯҳҳои террористӣ аст.

 

Барчасп