Таъкиди Русия бар аҳаммияти ҳифзи БАРҶОМ
Апрел 29, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
Сухангуи раисҷумҳури Русия, бори дигар бар мавзеи Маскав дар ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.
Дмитрий Песков, сухангуи раисҷумҳури Русия дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни инки аз мавзеи шуракои аврупоӣ иттилоъ дорем, ки муътақиданд, БАРҶОМ бояд ҳифз шавад, бори дигар таъкид кард: БАРҶОМ қобили нақз нест, дар ғайри ин сурат ҳеҷ заминае барои идомаи тамосҳо ва гуфтугӯҳо вуҷуд надорад.
Вай бо ишора ба инки ин тавофуқи байналмилалӣ дар натиҷаи талошҳои бисёр фишурда ба даст омад, афзуд: Ба ҳамин далел ҳаргуна идома ё такмили вазъият перомуни БАРҶОМ фақат бояд бар пояи тавофуқ анҷом шавад.
Барчасп